"Бо муҳаббат". Кумаки рӯзноманигорони қазоқ ба ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
09:30 / 2024-11-16

"Бо муҳаббат". Кумаки рӯзноманигорони қазоқ ба ҳамкасбонашон дар Тоҷикистон

Гуруҳе аз хабарнигорон дар Қазоқистон ба ҳамкасбони худ дар Тоҷикистон, ки ба бемории COVID-19 ва ё илтиҳоби шуш гирифтор шуда, ҷойи корро аз даст додаанд, кумак ҷамъ оварданд. Дар Тоҷикистон, ки то охири моҳи апрел мақомот вуҷуди бемориро эътироф намекарданд, дар баъзе аз расонаҳо хабарнигорон ба "илтиҳоби шуш" гирифтор шуданд. Вақте аксар кишварҳо бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав карантини сахт ҷорӣ карданд, мақомоти Тоҷикистон, кишвари фақири ашшоқи Осиёи Марказӣ бо аҳолии зиёда аз 9 миллион нафар мавҷудияти COVID-19-ро қатъан рад мекарданд. Дар ин кишвар чорабиниҳои сериздиҳом ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешуданд, мактабҳо ба кори худ идома медоданд. Рӯзноманигороне, ки дар бораи ҳолатҳои шубҳаноки бемории роҳҳои нафас ва афзоиши маргумир менавиштанд, ба идораи пулис даъват шуда, зери фишор қарор мегирифтанд. Кор дар чунин шароит ба он оварда расонд, ки рӯзноманигорони зиёде дар Тоҷикистон ба коронавируси нав ё илтиҳоби шуш гирифтор шуданд. Дар пайи паҳншавии бемории ҳамагир реклама ё таблиғ дар расонаҳо кам шуд ва тиҷорати расонаӣ давраи бадро мегузаронад (чунин вазъ на танҳо дар Тоҷикистон аст) ва рӯзноманигорон дастмузди худро аз даст доданд. Вақте рӯзноманигорони қазоқ таваҷҷуҳ карданд, ки ба ҳамкасбони тоҷикашон чӣ гуна кумак расонанд, аз Душанбе посух омад: "маҳсулот". Рӯзноманигорони Қазоқистон ба ин даъват фавран вокуниш карданд. Маблағи зарурӣ ҳам дар камтар аз як рӯз ҷамъоварӣ шуд. Дар чанд соат бо кумаки афроди ғамхор 2250 доллар ҷамъ оварданд. Ташаббускорон ният доранд, ба рӯзноманигорни тоҷик хӯрокворӣ ва васоили муҳофизатӣ фиристанд. Марина Михтаева, корманди яке аз созмонҳои байнулмилалӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ин ташаббуси мустақилонаи журналистон буд ва онҳо ин корро бе дахолати мақомоти расмӣ анҷом доданд. Михтаева иқрор мекунанд, ки ташаббускорони маърака мунтазири ин гуна дастгирии фаврӣ набуданд. "Дирӯз тақрибан ҳар панҷ дақиқа ба корти бонкӣ аз Украина, Узбекистон ва Русия барои дастгирӣ маблағ гузаронданд. Яке аз рӯзноманигорони мо навишт: "Ба Тоҷикистон бо муҳаббат" ва акнун ин нишони (ҳэштег)-и мо аст. Мо маблағи заруриро аз меъёр зиёд ҷамъ овардем. Эҳтимол рӯйхати шахсони эҳтиёҷмандро бештар мекунем," - гуфт Марина Михтаева. Ба гуфтаи ӯ, онҳо аллакай номи 150 нафарро ба рӯйхат шомил кардаанд, ки дар миёнашон шахсони гирифтор ба коронавирус ҳам ҳаст. "Рӯйхат бар асоси як шарти "кӣ дар ҳақиқат сахт муҳтоҷ аст" тартиб дода шудааст. Асосан инҳо нафароне мебошанд, ки дар расонаҳои хурди мустақил кор мекунанд. Дар рӯйхат кормандони расонаҳои давлатӣ низ ҳастанд. Мо одамонро тақсим намекунем. Вақте сухан дар бораи ҳуқуқ, зиндагӣ ва саломатии инсон меравад муҳим нест ки вай дар кадом расона кор мекунад," - афзуд Марина Михтаева. Бисёре аз рӯзноманигорони маъруфи қазоқ ин маъракаро дастгирӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз дигарон даъват карданд, то ба он ҳамроҳ шаванд. Юлдуз Абдилдиев, яке аз онҳо мегӯяд, ӯ чанд сол пеш дар Тоҷикистон буд ва вазъияти душвори матбуоти маҳаллиро хуб медонад. "Маро бештар аз ҳама ин чиз ранҷ медиҳад, ки ҳамкорони мо ва аъзои оилаи онҳо ба маҳсулоти аввал ниёз доранд. Онҳо на пул, балки нон талаб мекунанд. Чӣ хел ба онҳо дар чунин шароит кумак намекунем? Агар росташро гӯям, ҳамкорони мо қурбонии амалкарди мақомот шуданд, ки то охир мавҷудияти коронавирусро пинҳон намуданд. Ин нодуруст аст, ки мо рӯзноманигоронро ба кишварҳо тақсим кунем. Бояд ба онҳо дар ҳадди имкон кумак расонем," - гуфт ӯ. "Ташаккур ба ҳамкорони қазоқ Набӣ Юсупов, масъули созмони "Медиа консалтинг" ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар натиҷаи саривақт огоҳ накардани мақомот аз беморӣ ба бисёре аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон сироят кард. Ба гуфтаи ӯ, рӯйхати пурраи рӯзноманигорони мубтало ба COVID-19-ро касе ҷамъоварӣ накардааст. "Ҳадди ақал ҳафт сардабир ва роҳбарони расонаҳои мустақил ва давлатиро медонам, ки бемор шуда, сиҳат ёфтанд. Се медиа-ҳолдинг баста шуд, ки 15 нашрияро чоп мекарданд. На танҳо рӯзноманигорон, балки муҳаррирон, саҳифабандон, кормандони техникӣ ва дигар ҳайат бекор монданд. Барои мисол, роҳбари яке аз телевизионҳо ба хотири набудани кормандон маҷбур шуд бо шавҳараш якҷоя кор кунад ва дар натиҷа ҳардуяшон бемор шуданд. Роҳбари яке аз нашрияҳои маҳаллӣ хабар дод, ки ҳамаи кормандонаш бемор шудаанд," - афзуд Набӣ Юсупов. Хуршеди Атовулло, мудири Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ба ҳамкасбонаш маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи беҳдоштӣ кумак кард. Ба гуфтаи ӯ, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар ин кор ёрӣ кардаанд "Ташаккур ба ҳамкасбони қазоқ. Онҳо метавонистанд вазъияти моро сарфи назар кунанд, аммо қарор доданд, ки ба мо ёрӣ расонанд. Ҳамкорони рӯзноманигори мо дар Тоҷикистон воқеан ба кумак эҳтиёҷ доранд, ман дидам, ки чандин оила дар чӣ шароите ба сар мебаранд," - мегӯяд Хуршеди Атовулло. Мақомоти Тоҷикистон танҳо рӯзи 30-юми апрел дар остонаи вуруди ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти коронавируси навро дар кишвар тасдиқ карданд. Ҳукумат дар зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷбур шуд барои омадани коршиносони СҶТ ризоят диҳад. Тибқи омори расмӣ то имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 4 ҳазор нафар ба коронавируси нав мубтало шуда, 48 нафар ҳам аз ин беморӣ ҷон бохтанд. Роҳбарияти худкомаи кишварро солҳои тӯлонӣ барои саркӯби садоҳои интиқодӣ ва монеъ шудан ба озодии баён танқид мекунанд. Созмони гузоришгарони бидуни марз дар як гузориши ахираш гуфт, "гузориш додани воқеаҳо дар шароити пандемия дар Тоҷикистон мушкилтар шудааст." https://www.ozodi.org/a/kazakh-journalists-helped-their-tajik-colleagues/30654627.html

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима